Дар ноҳияи Ёвон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Мақоми зан дар меҳвари Паём: аз сухан то амал» ҳамоиши занону духтарон баргузор…
Дар ноҳияи Ёвон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон таҳти унвони «Мақоми зан дар меҳвари Паём: аз сухан то амал» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, фаъолзанон, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун, ҷавонон ва духтарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Ҳамоиш бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таҳкими нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занону духтарон, инчунин ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ баргузор карда шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими роҳнамо самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян намуда, дар он ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.
Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолият ва иштироки васеи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор гузошта шудааст. Имрӯз занони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, илм, соҳибкорӣ ва кишоварзӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Бунафша Файзиддинзода ҳамчунин иброз дошт, ки тарбияи дурусти духтарон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо, пешгирии падидаҳои номатлуб ва таҳкими оила аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва иштирокчиён вобаста ба мавзуъ баромад намуда, андешаҳои худро оид ба нақши зан дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа баён доштанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳо барои боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолгардонии занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуда, татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.