Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даври вилоятии Озмуни…
Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври якуми озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда, дастовардҳои оилавии худро ба намоиш гузоштанд.
Ғолибони озмун аз рӯйи талаботи нақши хушдоман дар таҳкими муносибатҳои оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ ва рӯзгордорӣ, солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ ва тарбияи дурусти фарзандон, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан муайян карда шуданд. Хушдоманҳои беҳтарин бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» соли дуюм аст, ки дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» баргузор мешавад.
Ҳадафи баргузории озмун баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.