eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон»
Саҳифаи асосӣ
More
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
Ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон»
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
23 декабри 2025
Ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон»
Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки имрӯз ҷаласаи якуми он баргузор гардид. Зимни ҷаласа, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии…
Previous slide
Next slide
Дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» таъсис ёфт, ки имрӯз ҷаласаи якуми он баргузор гардид. Зимни ҷаласа, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бунафша Файзиддинзода, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, собиқадорони меҳнат, ходимони сиёсӣ ва фаъолони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа раёсат ва аъзоёни шӯро тасдиқ гардида, таъкид карда шуд, ки дар оянда ҷаласаҳои Шӯро тибқи Низомномаи Шӯро дар шакли Конференсияҳо баргузор хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки Шӯро як мақоми ҷамъиятии машваратӣ мебошад, ки он ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар оила, муҳайё сохтани шароити баробар барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо, инчунин ба васеъ кардани иштирок ва саҳми занон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии иқтисодӣ ва идораи корҳои ҷамъиятӣ равона мегардад.
Шӯро арзишҳои умумиинсонӣ, адолати иҷтимоӣ ва сохтори демократии ҷомеаро ҷонибдорӣ мекунад ва фаъолияти худро бо пайравӣ ба принсипҳои қонунӣ, баробарии аъзоён, ихтиёрӣ ва ошкори фаъолият анҷом медиҳад.