Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16-уми декабри соли равон ироа гардид, ҳамоиши занону духтаронро таҳти унвони "Занон дар меҳвари Паём" доир гардид.
Дар ҳамоиш раисони Шӯрои занони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сардорани раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи дастгоҳи марказии Кумита вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав иштироки намуданд.
Қобили қайд аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, дар умум, оид ба рушди тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ва ба миён гузоштани вазифаҳои мушаххас ироа гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки; "Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
Иброз шуд, ки масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳанд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода баён доштанд, ки дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотиро дар байни аҳолӣ роҳандозӣ менамояд.
«Боварии комил дорем, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат барои занону бонувони кишвар дурнамо ва роҳнамои фаъолияти ҳаррӯзаамон мегардад»,-изҳор дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода.
Иштрокчиёни ҳамоиш иброз намуданд, ки мо занонро зарур аст, ки ҷавобан ба дастгирию ғамхорӣ ва эътимоди Сарвари давлат кӯшиш ба харҷ диҳем, ки аз шароити фароҳамоварда истифода бурда, сазовори боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.