Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъиятии " Соҳибкорӣ ва рушд" дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон ва намоиши лоиҳаҳои барномаи Accelerate Prosperity…
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъиятии " Соҳибкорӣ ва рушд" дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии соҳибкории занон ва намоиши лоиҳаҳои барномаи Accelerate Prosperity «WomenCup» ҳамоиш баргузор гардид. Дар он занони соҳибкор тавонистанд маҳсулоти худро муаррифӣ намоянд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии занон, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, баланд бардоштани саводнокӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории занон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд.
Барномаи WomenCup-2025 ҳамчун як раванд барои рушди иқтидор, ташаккули идеяҳои нав ва ба роҳ мондани шабакаҳои ҳамкорӣ миёни занони соҳибкор арзёбӣ шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон солҳои охир барои занон имкониятҳои зиёди омӯзиш, гирифтани грантҳои давлатӣ ва дастгирии шарикони рушд фароҳам гардида, ҳазорон зан тавонистаанд тиҷоратҳои хурду миёнаро таъсис диҳанд. Ёдовар гардид, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, ки соли 2023 ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ва ҳамчунин эътирофи Панҷакент ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ” дар соли 2025 имкониятҳои нави содиротию эҷодиро боз намуд.
Таъкид шуд, ки ин гуна чорабиниҳо на танҳо ҷашни дастовардҳо, балки оғози марҳилаи нави рушди соҳибкории занон дар кишвар мебошанд.