2 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси»–и шаҳри Душанбе Форуми ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ барои пешрафт: роҳ ба сӯи баробарии гендерӣ» баргузор гардид. Зимни ин форум Раиси Кумитаи кор бо занон ва…
2 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси»–и шаҳри Душанбе Форуми ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ҳамкорӣ барои пешрафт: роҳ ба сӯи баробарии гендерӣ» баргузор гардид.
Зимни ин форум Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Директори барномаи минтақавии Хазинаи Конрад Аденауэр Андре Альгермиссен, Сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шюграф, Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Кэтрин Смиттон, Роҳбари намояндагии ЮНФПА Наргис Раҳимова, роҳбари сохтори СММ-Занон дар Тоҷикистон Марзия Байдуллоева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи аввал ба мавзӯи «20 соли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии мардон ва занон» бахшида шуда, дастовардҳо ва сабақҳои 20 соли амалӣ шудани қонун баррасӣ гардид.
Дар доираи форум байни Кумитаи кор бо занон ва оила ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ҷаласаи дуюм, ки таҳти унвони «Пешгирӣ кардан, на танҳо вокуниш нишон додан: стратегияҳои фаъол барои ташкилоти ҷамъиятӣ» доир шуд, намояндагони Британияи Кабир, Молдова, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оид ба таҷрибаи байналмилалӣ дар самти мубориза бо зӯроварии гендерӣ суханронӣ намуданд. Инчунин Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ барои соли 2026 имзо гардид.
Инчунин иштирокчиёни форум масъалаҳои киберзӯроварӣ, меъёрҳои иҷтимоӣ ва гендерӣ, адолати иқлимӣ ва гендер, сулҳ ва амният, ҳуқуқи инсон ва муҳоҷирати бехатарро муҳокима намуданд.
Дар қисми сеюми форум ба ташкилотҳои фаъол барои саҳми арзандаашон дар пешбурди баробарии гендерӣ Сипоснома супорида шуд.