Меҳмонон нахуст Осорхонаи Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, бо фарҳанги қадимаи халқи тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Онҳо дар ин Осорхона бо намунаи либосҳои мардонаву занонаи қадимаи миллати тоҷик, асбобҳои рӯзгор ва дигар маҳсули ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, зикр карданд, ки ин ёдгориҳо бозгӯи ба ҳам қаробат доштани урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои дар Осиёи Миёна сукунатдошта мебошанд.
Зикр шуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо бозёфту осори нодири худ дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим бозидааст.