Имрӯз Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ - нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ»…
Имрӯз Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ - нишони тамаддун ва фарҳанги миллӣ» фестивали вилоятӣ баргузор гардид.
Дар фестивал Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр иштирок намуданд.
Ин чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури ҳазорҳо иштирокчиён, бахусус зиёда аз 25 ҳазор занону бонувони ҳунарманду зебописанд, ки бо либосҳои миллӣ - чакан, атлас, адрас, кӯлобию суғдӣ, ҳамадонӣ ва дигар навъҳои либосҳои тоҷикона роҳпаймоӣ намуданд, рангу ҷилои идона гирифт.
Фестивал бо намоиши дастаҷамъонаи бонувони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд, идома ёфт. Дар гӯшаҳои алоҳидаи фестивал ҳунармандон, дӯзандагон, чакандӯзон, адрасбофон ва заргарони маҳаллӣ намунаҳои беҳтарини ҳунари худро муаррифӣ карданд.
Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ ташвиқ ва эҳёи либосҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги тоҷикии либоспӯшӣ, ҳамчунин пешгирӣ аз паҳншавии унсурҳои бегона дар муҳити зеҳнӣ ва зоҳирии ҷомеа арзёбӣ гардид.