Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки масъулини вилоят ва шаҳри Кӯлоб дар назди Муҷассамаи «Дуои модар» гулчанбар…
Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки масъулини вилоят ва шаҳри Кӯлоб дар назди Муҷассамаи «Дуои модар» гулчанбар гузоштанд. Ин иқдоми рамзӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷик ва таъкид намудани нақши муҳими онҳо дар тарбияи насли солим ва рушди ҷомеа сурат гирифт.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки эҳтиром ва дастгирии модарони тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо на танҳо рамзи эҳтиром ба модаронанд, балки барои бедор намудани маърифати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани муҳити дастгирӣ барои оилаҳо ва занон дар кишвар саҳми назаррас мегузоранд.