Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, ташкили захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон ва шиносоӣ бо шароити…
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, ташкили захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон 21 октябри соли 2025 дар ноҳияи Нуробод кормандони Кумита бо усули “хона ба хона” ва “маҳал ба маҳал” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Масъулин бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳосилнокии заминҳо шинос гардида, бо истифодабарандагони заминҳои наздиҳавлигӣ вохӯриҳои судманд гузарониданд.
Ҳамчунин, занони ҳунарманди маҳаллаҳо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, дӯхтани нақшу нигор дар либосҳои миллӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.
Таъкид гардид, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва тарғиби либоси миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти бузург дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд.