Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар зан-ғолиби гранти президентӣ Диплом супорида шуд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз ташаббус ва…
Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар зан-ғолиби гранти президентӣ Диплом супорида шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз ташаббус ва иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занон ва фаъолияти ҳунармандию соҳибкории онҳо ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Иброз гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкориву ҳунармандии занону бонувон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ соли 2025 ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар, яъне барои 200 лоиҳаи мақсаднок ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки таҳлили лоиҳаҳои аз ҷониби занону бонувони тоҷик амалигардида нишон медиҳад, ки онҳо дар самти таъсиси коргоҳҳои хурд, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ малакаи баланд ва таҷрибаи зиёд доранд.
Ҳамчунин, ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст.
«Дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунармандон, коргоҳҳои ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил ва таҳти раҳнамоии ҳунармандони боистеъдод ба фаъолият оғоз намудаанд»,-иброз доштанд Бунафша Файзиддинзода.
Таъкид гардид, ки итминони комил дорем ғолибони озмуни имсола маблағҳои грантиро дар асоси буҷети пешниҳодгардидаашон мақсаднок истифода намуда, дар рушду пешрафти иқтисоди миллии кишвар бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии мамлакат саҳми худро мегузоранд.