Дар асоси Нақша - чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони унвони “Забони мо- давлату ифтихори мо” конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд. Дар кори конфронс забоншиносон, олимон, шоирон, намояндагони шуроҳои занони донишгоҳу донишкадаҳо, донишҷуён, таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии “ Чароғи ҳидояти”-и назди Кумита иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки гӯётарин далели ҳастии забони тоҷикӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар он зоҳир меёбад, ки миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанг ва тамаддуни хешро бо ҳамин забон иншо ва дар саҳифаҳои тиллоии таърих сабту ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Гуфта шуд, ки забони ҳар халқу миллат оиинаи рӯзгори миллат ва донишу фарҳанги мардум мебошад. Инчунин забон дар раванди таъсис ва шаклгирии давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалин ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.