Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар доираи сафраи корӣ ба ноҳияи Ашт бо занону духтарони касбу кори гуногун, фаъолону собиқадорони меҳнат, гирандагони гранти Президентӣ вохӯрӣ намуд. Иброз…
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар доираи сафраи корӣ ба ноҳияи Ашт бо занону духтарони касбу кори гуногун, фаъолону собиқадорони меҳнат, гирандагони гранти Президентӣ вохӯрӣ намуд.
Иброз гардид, ки имрӯзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хоса пайдо карда, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолияти назаррас доранд. Сарвари давлат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти зан назари нек доранд ва андешаву афкор, қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати онҳоро ҳамеша намунаи ибрат меоранд.
«Сарвари давлат таъкид месозанд, ки зани маърифатнок метавонад бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошанд, балки ҷомеаро тарбият намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар самти роҳбарӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд»,-таъкид шуд зимни вохӯрӣ.
Гуфта шуд, ки заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он равона гардидааст, ки зан – модар ҳамчун тарбиятгару созанда ва ободкору маърифатпарвар рушд ёбад. Натиҷаи ин талошҳо боис шуд, ки имрӯзҳо симои зани тоҷик дар ҷомеа ҳамчун чеҳраи сиёсӣ шинохта шуд ва зани тоҷик дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, имрӯзҳо рисолати роҳбариро низ бар душ гирифтаанд.