Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ» Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати…
Имрӯз дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Занон дар иқтисоди сабз ва рақамӣ» Форуми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Бонки миллӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳамоҳангӣ бо шарикони рушд роҳандозӣ гардид.
Форум ба як платформаи муҳими минтақавӣ барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадам табдил ёфта, барои иштироки фаъолонаи занон дар рушди устувор, рақамисозӣ ва рушди навоварӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шуд.
Ҳадаф аз баргузории форум дастгирии ташаббусҳои занон дар соҳаи экология, технология ва соҳибкории устувор буда, ба имконияти иштироки занон дар дигаргунсозии иқтисодӣ ва ҳамкории байниминтақавӣ мусоидат мекунад.
Ҳуҷҷати ҷамъбастии Форум, ки дорои тавсияҳо мебошад, барои истифодаи минбаъда дар банақшагирии стратегӣ ба мақомотҳои дахлдори миллӣ ва сохторҳои шарики байналмилалӣ ирсол карда мешавад.