Шоми имрӯз дар фазои сулҳу суботи сартосарии Тоҷикистон меҳмонони гиромиқадри ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистонро, ки бо мақсади иштирок дар форуми сатҳи баланди Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура ва раиси шаҳри Бӯстон Нуруллозода Фирӯза самимона пазироӣ намуданд.