eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Вохӯрии судманд дар шаҳри Ҳисор
Саҳифаи асосӣ
More
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
Вохӯрии судманд дар шаҳри Ҳисор
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
19 сентябри 2025
Вохӯрии судманд дар шаҳри Ҳисор
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғиби либоси миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Previous slide
Next slide
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарғиби либоси миллӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак", "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", нақшаҳои амали "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030", "Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2026", "Барномаи давлатии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030" бо аҳли ҷамоатчигӣ ва донишҷӯёни Колеҷи тиббии шаҳри Ҳисор вохӯрии судманд баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ намояндагони Кумита вобаста ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, истифодаи самараноки маблағҳои грантӣ, ҷалби духтарон ба муассисаҳои олии мамлакат тариқи квотаи президентӣ ибрози назар намуда аз дастгирихои бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба занону духтарон ёдовар шуданд.
Ҳамчунин масъулин доир ба пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа ибрози назар намуданд. Аз аҳли ҷамоатчигӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиҳиро бештар ба роҳ монанд.