eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи Шӯрои муросо баргузор гардид
Саҳифаи асосӣ
More
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи Шӯрои муросо баргузор гардид
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
11 сентябри 2025
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи Шӯрои муросо баргузор гардид
Имрӯз, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ гардидани "Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028" дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Раиси…
Previous slide
Next slide
Имрӯз, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ гардидани "Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028" дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Чаманоро ва роҳбарони воҳидҳои давлатии шаҳри Турсунзода ҷаласаи Шӯрои муросо доир гардид. Ин ҷаласа бо мақсади таъсис додани Шӯрои муросо дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чун минбари ёрирасон ба Марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ гузаронида шуд.
Фаъолияти Шӯрои муросо ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо нигаронида шуда, ба солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва тарбияи хуби фарзандон дар оила мусоидат менамояд.