eDavlat
Рамзҳои давлатӣ
TJ
TJ
RU
EN
Мақомоти давлатӣ
Боргирӣ…
Онлайн чат
Кушодани меню
TJ
TJ
RU
EN
Баргузории ҷаласаи Шӯрои муросо дар шаҳри Ваҳдат
Саҳифаи асосӣ
More
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи Шӯрои муросо дар шаҳри Ваҳдат
Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ
11 сентябри 2025
Баргузории ҷаласаи Шӯрои муросо дар шаҳри Ваҳдат
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ гардидани Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони Кумита ва роҳбарони…
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалӣ гардидани Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки намояндагони Кумита ва роҳбарони воҳидҳои давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати таъсис додани Шӯрои муросо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чун минбари ёрирасон ба Марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Фаъолияти Шӯрои муросо ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо нигаронида шуда, ба солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва тарбияи хуби фарзандон дар оила мусоидат менамояд.