Бо шукуҳу шаҳомат ва тантанаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ тайи 34-сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ободиву озодӣ ва бунёдкориву созандагӣ устуворона ба пеш қадам мегузорад. Ин ҷашни муҳими арзишманд ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ эҳсоси баланди ҳуввияти миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватанхоҳиву ватандориро ифода намуда, барои ҷомеаи мутамаддин ҳамчун рўзи фурўғи саодати абадӣ ва амалишавии ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик ба шумор меравад.
Воқеан, Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеъи устувори занону бонувон дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, барои дар арсаи васеъи сиёсат ворид намудани онҳо мусоидат намуд.
Тайи ин солҳо як қатор санадҳои танзимкунандаи ҳаёту фаъолият, нақшу мақоми зан дар ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои онҳо ба тасвиб расида, сол аз сол бо назардошти талаботи замон таҳким ёфта истодаанд.
Файзу баракати Истиқлол аст, ки имрўз мардуми сарбаланди кишвар, хосатан занону бонувон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат зери Парчами парафшони Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ бо рўҳияи баланди созандагиву бунёдкорӣ ҳаёт ба сар бурда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа фаъолияти пурсамар доранд ва дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз, тарбияи насли солиму ояндасози даврони Истиқлол бо дарки масъулияти баланд талош меварзанд, ки ин ҳама самараи дилхоҳ ва аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.
Бовар дорем, ки бонувони кишвар минбаъд ҳам дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлати соҳибистиқлол саҳми боз ҳам назарраси худро мегузоранд. Зеро, ободиву озодӣ, пешрафту нумўи ин сарзамини биҳиштосо аз кору фаъолияти ҳар яки мо, соҳибватанон вобаста буда, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин раванд пайваста донишу малакаи худро такмил диҳем, мавқеи арзандаи хешро бо меҳнати ҳалол, ҷаҳду талоши ватандорию ватансозӣ муаррифӣ намоем.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи поянда ва зиндагии шоиста таманнои онро дорем, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидону пойдор бимонад ва роҳи тайкардаи таърихие, ки бо сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат моро пеш мебарад, роҳи абадии саодат ва пешрафту нусратҳои навин бошад.
Бигзор, дар ин рўзҳои воқеан таърихӣ дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва чеҳраи ҳар як зан-модари тоҷик хуршеди саодату хушбахтӣ нерўбахшу заррин нурпошӣ кунад ва табассуми малеҳи субҳи меҳрубониву муҳаббат ҷодаҳои зиндагиву хони рўзгорро пур аз файзу баракат бигардонад.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!