Бахшида ба 34-солагаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Истиқлолият ва таҳкими ҷойгоҳи бонувон дар ҷомеа” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” - Раҷабзода Салима, ходими давлатӣ, собиқадори меҳнат Мавлон Хайринисо Юсуфӣ, иштирокчиёи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкор “Кадбону” – Сабоҳат Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Дилрабо Маҳмашарифзода, инчунин, занону бонувони вазорату идора, корхонаву муассиса, сохторҳои шаҳри Душанбе, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон, вакилони шаҳрӣ, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳунармандон, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва фаъолзанони пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки дар воқеъ Истиқлоли давлатӣ ҷашни бузурги миллӣ ва дастоварди таърихиву сарнавиштсоз мебошад. Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд.
Дар идома бонувон таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар баробари бузургдошти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузории сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба мақому манзалати занон модарону арҷ гузошта, чунин таъкид мекунанд: “Зан – модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад. Тамоми бузургони оламро, ки хизматҳои барҷастаи таърихӣ анҷом додаанд ва инсоният бо ному корномаи онҳо ифтихор мекунад, модар ба дунё овардааст ва дар оғӯши пурмеҳри худ парваридааст”.