Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 3, зербанди 8-и "Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 - 2030" дар ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ аз 19 то 20 август ҷаласа баргузор намуд. Ҷаласаи мазкур бо мақсади таҳияи дастурамали тавсиявӣ ҷиҳати тақвияти ҳамоҳангии байниидоравӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмак ба ҷабрдидагон доир шуд.
Зимни натиҷаҳои муҳокимаҳои гурӯҳҳои корӣ пешниҳодҳои амалӣ ва хулосаҳои муҳиме дар самти беҳтарсозии ҳамкорӣ ва дастгирӣ ба ҷабрдидагон аз зӯроварӣ дар оила таҳия гардиданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт.