Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Кӯлоб озмунҳои “Беҳтарин ҳамсар”, “Фарзанд-боғи падару модар” баргузор гардида, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд. “Беҳтарин ҳамсар” – Наботов Муҳаммадёқуб ва беҳтарин фарзанд дар озмуни “Фарзанд-боғи падару модар”- Ҳасанова Малика, барандаи шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дониста шуд.
Бояд гуфт ки ин озмунҳо дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» баргузор мегардад.
Озмунҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида мешаванд.
Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.
Тибқи талаботи озмун, дар он ҳамсарон ва фарзандони беҳтарин аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд.
Ҳадафи баргузории озмунҳо баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, солиму устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.