6 август соли равон дар доираи нақша - чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Низомномаи баргузорӣ ва натиҷагирӣ намудани озмунҳои "Фарзанд боғи падару модар", "Ҳамсари беҳтарин", "Пухтупази таомҳои миллии маҳаллӣ ва тарзи дуруст оростани дастархон" дар қаламрави ноҳияи Рашт даври ноҳиявии он анҷом ёфт. Оид ба натиҷагирии озмунҳои мазкур муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина ва сарпарасти соҳа дар минтақаи Рашт Ҳасанзода Шаҳло иштирок ва суханронӣ намуданд.Иброз гардид, ки оила макони муқаддас ва ҷойгоҳи беҳтарини оромиши инсонҳост, аз ин рӯ ба муқаддасоти он бешак бояд эътибори махсус дод. Ғолибони даври ноҳиявии ин озмунҳо бо тӯҳфаҳо қадрдон карда шуданд.