Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ, тарғиби муносибатҳои солими иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанд — боғи падару модар” баргузор гардид.…
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҳкими арзишҳои оиладорӣ, тарғиби муносибатҳои солими иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳамсар” ва “Фарзанд — боғи падару модар” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар даври вилоятии он оилаҳои намунавӣ аз шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Оилаи табиби шинохтаи шаҳри Конибодом Наимҷон ва ҳамсари ӯ Мӯътабархон Ғаниевҳо дар озмуни “Беҳтарин ҳамсар” фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал дониста шуданд. Онҳо бо дипломи дараҷаи якум ва тӯҳфаи хотиравии Раиси вилоят қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, фарзанди ин оила — Неъматҷон Ғаниев дар озмуни “Фарзанд — боғи падару модар” ширкат намуда, бо Сипосномаи Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонда шуд.
Инчунин, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои иштироки фаъолона дар ташкили озмунҳои тарбиявию маърифатӣ бо Сипосномаи раиси вилоят қадрдонӣ ёфт.
Ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштанд, ки баргузории чунин озмунҳо дар таҳкими пояҳои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа, арҷгузорӣ ба оилаҳои намунавӣ ва тарбияи фарзандони босаводу ватандӯст нақши муассир мегузоранд.