18 июл дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кетрин Смитон баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо…
18 июл дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Файзиддинзода Бунафша бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кетрин Смитон баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамдигарро бо эҳтиром ва самимият пазироӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди гендерӣ ва роҳҳои таҳкими шарикии минбаъдаро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки робитаҳои судмандро густариш дода, лоиҳаҳои муштаракро ба нафъи занону духтарон амалӣ намоянд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҳамчун як қадами муҳими таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.