Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи…
Имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дарвеш, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни таҳлил ва баррасии фаъолияти раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, ба масъулин вобаста ба масъалаҳои маблағгузории барномаҳои давлатии самти кор бо занон ва оила, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳҳои бармаҳал, аз таҳсил дур мондани фарзандон, махсусан, духтарон, ҳолатҳои ҷинояткории занон, худкушӣ ва суиқасд ба ҷон, пешгирии бемориҳои сироятии вируси норасоии масунияти одам даъват ба амал оварда, аз масъулин ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, созандагиву ободонӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз дастуру супоришҳои мушаххас доданд.