Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои хурофотпарастӣ аз қабили ҷинояткорӣ, худсӯзию худкушӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ ва омилҳои номатлуб дар ноҳияи Вахш бо фаъолон ва аҳли…
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои хурофотпарастӣ аз қабили ҷинояткорӣ, худсӯзию худкушӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъамандӣ ва омилҳои номатлуб дар ноҳияи Вахш бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ доир шуд.
Дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо, тавре ки баромадкунандагон иброз доштанд, ин решакан сохтани зуҳуротҳои номатлуб дар ҷомеа, дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон, ташкили оилаҳои солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни сокинон, аз байн бурдани бегонапарастӣ миёни занону бонувон ва ба ин васила тарғиби фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад.