Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ташаккули малакаҳои устувори ҳаёти солим дар оила ва ҷомеа: назари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт» ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Сардори Раёсати рушди иҷтимоии…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ташаккули малакаҳои устувори ҳаёти солим дар оила ва ҷомеа: назари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт» ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон оид ба тарзи ҳаёти солим ва нақши оила дар ташаккули оиларо баррасӣ намуданд.
Дар охир як зумра занону бонувони фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.