19 июн Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба чор гурӯҳ тақсим шуда, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе — Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур бо сарбозон, занону духтарон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ намуданд. Ҳамзамон модарони ваҳдатсаро дар ин ноҳияҳо бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои дастии занону духтарон шинос гардида мавзеъҳои таърихӣ сайёҳии шаҳри Душанберо тамошо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони ваҳдатсаро» 16 июн дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва 17 июн дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва Роғун дар қисмҳои низомӣ бо сарбозону афсарон, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» вохӯрӣ намуданд.
Ҳайати корвон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангии мамлакатро тамошо карданд.
Ҳамчунин дар деҳаҳои ин шаҳру ноҳияҳо бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» бо занону духтарон суҳбат намуда, бо рӯзгордорӣ ва ҳунарҳои дастии онҳо шинос гардиданд.
Хотиррасон мешавем, ки 20 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Ҳайати 100 -нафараи Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ин конфронси ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.