16 июн сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид. Онҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуда, дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо сарбозон, аҳли ҷамоатчигӣ ва занону духтарон вохӯриҳо гузаронида, мавзеъҳои…
16 июн сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат оғоз гардид. Онҳо ба чор гурӯҳ тақсим шуда, дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав бо сарбозон, аҳли ҷамоатчигӣ ва занону духтарон вохӯриҳо гузаронида, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии ин минтақаҳоро тамошо карданд.
Вохӯриҳо занони собиқадори меҳнат дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, бо чи гуна мушкилиҳо ба даст омадани сулҳу ваҳдат, нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории он, инчунин дар хусуси дӯст доштани Ватану хизмати содиқона кардан ба миллату давлат, расидан ба қадри озодию ободии мамлакат суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат дар Қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав модарон иброз доштанд, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллии давлатамонро ҳамчун дастоварди пурарзиш ва неъмати бебаҳо бипазирем ва онро аз тамоми арзишҳои дигар муқаддамтар бидонем.
«Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ вазифадор аст, ки ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддасоти миллӣ, муҳимтарин омилу шароити пешрафти шахсӣ ва рушди босуботи ҷомеа ҳифзу ҳимоят намояд. Ҳар яки мо масъулем, ки дар ободии Ватан саҳми худро гузорем»,- иброз доштанд ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ноҳияи Шаҳринав.
Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳо таъкид намуданд, ки: «мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза кори осон нест. Аз ин ру, мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, ки дар оянда номбардори миллати бошарафи тоҷик бошанд».
Ёдовар мешавем, ки Корвони «Модарони Ваҳдатсаро», ки ба он 100 нафар занону модарони шинохтаи ҷумҳурӣ, собиқадорон ва фаъолзанон шомил шудаанд, аз 16 то 19 июн ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинон оид ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва саҳм гузоштан дар ободию рушди Ватан суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Корвон ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, дар қисмҳои низомӣ, дар ҷамоатҳо бо сокинони деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо усули «деҳа ба деҳа» ва «хона ба хона» оид ба тарғиби дастоварҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷамъии мардум суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Инчунин онҳо мавзеъҳои таърихию –фарҳангии мамлакатро тамошо мекунанд.