14 май бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила таҳти унвони “Оила-макони меҳру садоқат” чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Вазири Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, собиқадорони ҲХДТ, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, намояндагони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Роғун, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод ва оилаҳои беҳтарин ва намунавӣ аз баъзе шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш ба 10 нафар навхонодарон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳо супорида шуд.
Инчунин, ба 20 нафар кӯдакони то 6 сола аз оилаҳои камбизоат велосипедҳо тақдим гардида, ба 20 нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Дар ин росто, 20 нафар низ ба ТҶҶ “Созандагони Ватан” қабул гардиданд.
Ҳамзамон, меҳмонон аз гӯшаи оилаҳои намунавӣ – “Оилаи сабз”, “Оилаи нуқра” ва “Оилаи тилло” бо фарзандону наберагон ва дастовардҳои онҳо дидан намуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардониданд.
Иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои амалкунанда барои болоравии фарҳанги оиладорӣ, муносибати хонаводагӣ, таҳким ва нигоҳдошти анъанаҳои пуршарафи ниёгон, ҷонибдории аъзоёни хонавода аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа табдирҳои таблиғотию ташвиқотиро пайваста амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ мебошад. Агар оила солим бошаду назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим, дар маҷмуъ ҷомеа солим хоҳад буд.