Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Рӯдакӣ бо занон ва донишҷӯдухтарони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чаманоро Одиназода, муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Моҳира Исмонова ва сардори Хадамоти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳусейн Ҳакимов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, вобаста ба раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳия, мақому манзалати зан дар ҷомеа, тарбияи кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, таълиму тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои марбут ба самти занон ибрози назар карда шуд.
Инчунин масъалаҳои арҷ гузошта ба фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон, баланд бардоштани сатҳи донишу заковати бонувон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва ҷалби бештари занон ба озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.