Дар доираи корҳои тарғиботию – ташвиқотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими…
Дар доираи корҳои тарғиботию – ташвиқотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ гардиданд.
Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, яке аз самтҳои муҳими корҳои фаҳмондадиҳӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи суботу оромӣ ва саҳми ҳар як шаҳрванд дар рушди ҷомеа андешаронӣ сурат гирифт.
Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ муҳим мебошад.