Имрӯз дар меҳмонхонаи «Краун Плаза»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ…
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Краун Плаза»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 таҳти №167 тасдиқ гардида, барои идомаи татбиқи самараноки он Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2026–2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025 таҳти №694 қабул шудааст.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи татбиқи пайгиронаи Стратегия ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таҳким ёфтааст. Аз ҷумла, шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда афзоиш ёфта, имкониятҳои таҳсил барои духтарон тавассути квотаҳои президентӣ васеъ гардидаанд.
Ҳамзамон, занон бо дастгирии грантҳои президентӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шуда, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо тавассути барномаҳои омӯзишӣ баланд бардошта мешавад.
Инчунин дар ҷараёни чорабинӣ аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми занон ёдовар шуда, таъкид гардид, ки 8 апрели соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти 48 овоз аз 54 кишвари узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ба узвияти Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми занон (CSW) барои солҳои 2027–2031 интихоб гардид.