Субҳи имрӯз, Корвони «Модарони ваҳдатсаро» бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва собиқадорону занони фаъол дар дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Корвони «Модарони ваҳдатсаро» имрӯз ба чор гурӯҳ тақсим шуда, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе - Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур бо сарбозон, занону духтарон ва аҳли ҷамоатчигӣ вохӯрӣ менамоянд.