Бо фармони Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва як гуруҳи кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо медали ҷашнии «30-солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Медалҳои ҷашнӣ имрўз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовини сардори Сарситод – сардори раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сатторзода Фирдавс ба Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, сардори раёсати назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатӣ Каримзода Азизмамад Душанбе, муовини якуми раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед Аюб, директори Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезияи Душанбе Қурбонзода Фотеҳ Луқмонҷон тақдим гардид.
Дар идома зикр гардид, ки ҳамчунин тибқи фармони мазкур муовини Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Одилбекзода Дилдор Одилбек, сардори шўъбаи корҳои топографӣ-геодезӣ ва аэрогеодезии Кумитаи давлатӣ Асадбекзода Манучеҳр, сармутахассиси раёсати назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатӣ раиси кумитаи идораи замини вилояти Суғд Толибзода Тоҳирҷон, раиси кумитаи идораи замини шаҳри Исфара Муҳаммадҷон Бобоҷонзода, сардори шўъбаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезияи Душанбе Қурбонов Холназар, сардори гуруҳи раёсати корҳои саҳроии КВД Аэрогеодезияи Душанбе Саидов Бекмурод ва корманди КВД Аэрогеодезияи Душанбе Шарипов Ҷавод бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз гардидаанд.
Муовини сардори Сарситод – сардори раёсати муҳофизати сарҳади давлатии Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сатторзода Фирдавс ҳамаи онҳоеро, ки бо медалҳои ҷашнӣ қадршиносӣ шудаанд, муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.