Ба истифода додани бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Турсунзода
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода, бо иштироки Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷазода Ориф Ашӯрӣ маросими ба истифода додани бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баргузор гардид.
Зимни ба истифода супоридани ин бинои маъмурӣ таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагӣ ба ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми манотиқи кишвар корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати тоза гирифта, ба истифода додани иншооти нави таъиноти гуногун дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ ва натиҷагирӣ аз заҳмати содиқонаи сокинон ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.
Аз ҳамин ҷиҳат, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Турсунзода низ ба шумори ҳамин иқдомҳои нек ва тӯҳфаи ҷашнӣ дохил мегардад.
Қайд гардид, ки бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Турсунзода аз се ошёна иборат буда, бо маблағи тақрибан се миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва корхонаи фаръии зикршуда бунёд шудааст.
Ин бино бо дарназардошти меъмории муосир сохта шуда, дорои таҳхона, 21 утоқи корӣ, толори конфронс, равзанаи ягона ва ошхона мебошад.
Дар он барои фаъолияти босамари кормандони Кумитаи идораи замин ва корхонаи фаръӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Таъкид шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як қатор иншооти нав ва муосир бунёд ва ба истифода супорад.
Танҳо дар соли ҷорӣ биноҳои нав дар шаҳр ва ноҳияҳои Ҳисор, Абдураҳмони Ҷомӣ сохта шуда, инчунин бинои маъмурӣ дар ноҳияи Ишкошим пас аз таъмири асосӣ ва навсозӣ ба истифода дода шуд.
Айни замон корҳои сохтмонии биноҳои маъмурии Кумитаи идораи замин дар шаҳр ва ноҳияҳои Хуҷанд, Шамсиддин Шоҳин, Хуросон ва Роштқалъа идома доранд.
Иншооти нав дар шаҳри Турсунзода аз як ҷониб зебоии бештар ба ин шаҳри саноатию кишоварзӣ бахшида, аз ҷониби дигар фаъолияти кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро фаъолтар намуд.
Шароити муҳайёшуда ба иҷрои самаранок, боадолатона ва масъулиятшиносонаяи вазифаву уҳдадориҳои кормандон мусоидат хоҳад кард.
Кормандони мақомоти мазкур бояд бо садоқат ва ҷидду ҷаҳд фаъолият намуда, чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии вайронкунии қонунгузории замин андешанд, зеро чунин қонуншиканиҳо ҷомеаро нигарон месозанд.
Дар суханронии худ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро ба муносибати ба истифода додани бинои нав табрик гуфта, изҳори умед намуд, ки тамоми кормандон бо истифода аз дониш ва таҷрибаи касбии худ барои ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба тақсимоти одилонаи замин, истифодаи мақсадноки он, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории соҳа ва мубориза бо коррупсия кӯшиш ба харҷ дода, ба риояи қонун ва тартибот дар ин самт саҳм мегузоранд.