Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода бо Раиси Ассотсиатсияи байналмилалии рушди ҳудуди Федератсияи Россия Васил Мазитов ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.
Зимни вохўрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда вобаста ба самти заминсозӣ ва кадастри замин, рақамикунонии соҳаро баррасӣ намуданд.
Изҳори омодагӣ гардид, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо гуруҳҳои корӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишуда, ҳамкориҳоро идома хоҳанд дод.
Пешниҳод гардид, ки дар ин самти фаъолияти кадрҳои соҳаи заминсозии Тоҷикистон аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушди ҳудуди Федератсияи Россия ба омўзиш фаро гирифта шаванд.