Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар асоси Нақшаи омўзишҳои идоравии хизматчиёни давлатии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025, ки бо қарори раиси Кумитаи давлатӣ аз 31 декабри соли 2024, №96 тасдиқ карда шудааст, дар Кумиаи давлатӣ бо иштироки Сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия, Розиқзода Алихони Абдулҳаким мулоқот баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ, инчунин роҳбарони корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ, раисони кумитаҳои идораи замин ва директорони корхонаҳои давлатии фаръии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо (тариқи маҷозӣ) иштирок намуданд.
Омўзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи санадҳои қонунгузорӣ, барномавӣ ва байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.
Розиқзода Алихон оид ба санадҳои қонунгузорӣ, барномавӣ ва байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, инчунин асосҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин талаботи сархати 6 қисми 1 моддаи 23 ва сархати 8 қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», яъне доир ба истифодаи захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, захираҳои дигари давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсадҳои ғайрихизматӣ ба шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахси ба он баробаркардашуда манъ намудааст ва чунин кирдорҳо ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд шарҳу тавзеҳ дода, оид ба оқибатҳои манфӣ доштани кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии он суҳбати озод ва судмандро ба масъулин доир намуд.
Ҳамчунин, пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, ки унвонии вазорату идораҳои дахлдор ирсол карда шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории омўзиши идоравӣ пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба содиркунии, ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар омилҳои номатлуби коррупсионӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон маҳсуб меёбад.