Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти раёсати Раиси Кумитаи давлатӣ Хоҷазода Ориф Ашўрӣ бо иштироки муовинони Раис, сардорони воҳидҳои сохтории марказӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо баргузор шуд, ки дар он раисони кумитаҳои идораи замин дар вилоятҳо, шаҳру ноҳия ва директорони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар маҳал тариқи видео-онлайн иштирок намуданд.
Баъд аз тасдиқ гардидани рўзнома ва регламенти корӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин нахуст вобаста ба масъалаи аввали рўзномаи ҷаласа – оид ба фаъолияти Кумитаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ муовини Раиси Кумитаи давлатӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода ҳисобот дод.
Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кулли кормандони дастгоҳи марказӣ, кумитаҳои идораи замин дар маҳал ва корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар аҳолона меҳнат намуда, корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Чун солҳои гузашта дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ низ назорати истифодаи мақсадноку самараноки замин, фаъолияти заминсозӣ, харитасозӣ, геодезӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб меёбад, таҳти назорати қатъии роҳбарияти Кумитаи давлатӣ қарор доштанд.
Барои дақиқ муайян намудани миқдори заминҳо дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобот оид ба заминҳои мавҷудбуда, тақсимоти онҳо аз рўи гурўҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025» омода ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №224 тасдиқ гардид.
Тибқи ҳисоботи солонаи замин ҳудуди маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра бетағйир монда, ба ҳолати 1 январи соли 2025-ум 14 миллиону 137 ҳазору 907 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 767 ҳазору 412 гектараш обӣ буда, нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2024-ум +1109 гектар заминҳои обӣ зиёд шудаанд.
Зикр гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025-ум аз дигар намуди заминҳо ба заминҳои корам ҳамагӣ 1492 гектар, аз он обӣ 1420 гектар гузаронида шуда, заминҳои корам дар майдони 108 гектар, аз ҷумла обӣ 51 гектар ба дигар намуди заминҳо гузаронида шудаанд.
Заминҳои ниҳолҳои бисёрсола 179 гектар, аз ҷумла обӣ 173 гектар нисбати 01.01.2024 зиёд шудааст.
Ҳамчунин дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои назоратӣ дар ҷумҳурӣ идома ёфта, дар маҷмўъ 3724 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор ва барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 3376 дастур дода шудааст.
Нисбати 3478 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 2031589 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шуд, ки аз ин 1483956 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид карда шудааст.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 373 мавод ба прокуратура ва 113 адад иҷрочиёни хадамоти иҷро ирсол карда шуда, дар маҳал 2321 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шудааст.Дар ин давра ба Кумитаи давлатӣ 26 адад парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид. Аз онҳо 14 парвандаи заминсозӣ баъди ташхиси техникӣ бинобар сабаби камбудиҳо бозпас гардонида шуданд, парвандаҳои заминсозии боқимонда дар мувофиқа бо вазорату идораҳо қарор доранд. Аз ҷониби корхонаву муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳамагӣ ба маблағи 1227960 сомонӣ корҳои заминсозӣ, топографӣ-геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби буҷет иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 маблағи 235960 сомонӣ зиёд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 фоизи иҷрои он 123,8%-ро ташкил дод.Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаҳои минтақавии бақайдгирӣ 8519 адад ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин, аз он 702 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 16 адад хоҷагиҳои иловагии ёрирасони шахсӣ, 6984 адад қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, 135 адад дигар намудҳои хоҷагидорӣ, 682 дигар намуди қитъаҳои замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, заминистифодабарандагон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидаанд.Сипас, ҳисоботи сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳои Суғду Хатлон оид ба натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шунида шуда, масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати қатъии кишти зироатҳои кишоварзӣ махсусан картошка ва пахта, истифодаи заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, зотпарварӣ ва замини чарогоҳҳо, амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тасвиби қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки боиси эътирози прокурорӣ мегардад, риояи интизоми меҳнатӣ, саривақт дар доираи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дар доираи муқаррарароти қонунгузорӣ баргузор намудани ҷашну маросимҳо, худдорӣ аз исрофкориву зиёдаравӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва шинонидани ниҳоли дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз аз тарафи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд.