Дар бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи давлатӣ Ходҷазода Ориф Ашӯрӣ маросими сарфарозгардонии ғолибони марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявии шахмат баргузор гардид, ки дар он ба гурӯҳи кормандони Кумитаи давлатӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои ёдгорӣ супорида шуданд.
Зимни супоридани ифтихорномаҳо Раиси Кумитаи давлатӣ Ходҷазода Ориф Ашӯрӣ иброз дошт, ки аллакай ду сол мешавад, ки мусобиқаҳои шахматӣ барои “Ҷоми Пешвои миллат” ба як мусобиқаи муҳими варзишӣ табдил ёфтаанд, ки барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар ба варзиш мусоидат менамоянд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ ба ғолибони марҳилаи дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявии шахмат байни кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои ёдгорӣ супорида шуданд. Аз ҷумла, ҷоиза барои ҷои аввал ба Маҳмадшоҳи Алӣ – муовини аввали директори КВД “Бақайдгирии амволи ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ, барои ҷои дуюм ба Хомидов Саймумин – мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, барои ҷои сеюм ба Умаров Тошпӯлод – мутахассиси пешбари Сарраёсати назорати давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои иштироки фаъол ба муовини директори КВД “Бақайдгирии амволи ғайриманқул” Шарифзода Сафолу тақдим карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ хоҳанд гашт.