29 апрели соли 2026 Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолзода Абдураҳмон Манон ва дигар намояндагони мақомот дар видеоконфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами нигоҳдории дарозмуддати сарватҳои моддӣ дар захираҳои моддии давлатӣ», ки дар майдони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз ҷониби ФГБУ НИИПХ Росрезерв бо иштироки Агентии федералии захираҳои давлатии Федератсияи Россия ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ ташкил карда шуд. Ҳадафи асосии конфронс рушди ҳамкории самаранок байни давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи идоракунии захираҳои моддии давлатӣ буд.
Дар рафти видеоконфронс иштирокчиён равишҳои муосир ва роҳҳои амалии нигоҳдории дарозмуддати сарватҳои моддиро баррасӣ намуда, мубодилаи таҷриба намуда масъалаҳои мубрами такмили механизмҳои ҳамкории мақомоти дахлдорро мавриди муҳокима қарор доданд.
Иштирок дар ин чорабинӣ ба таҳкими робитаҳои касбӣ мусоидат намуда, инчунин самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкории минбаъдаро дар доираи ИДМ муайян намуд.