Раиси шаҳри Турсунзода
Аз моҳи августи соли 2020 дар мансаби раиси шаҳри Турсунзода кор мекунад.
Санаи таваллуд: 24 марти соли 1980
Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст.
Ихтисос: иқтисодиёти ҷаҳон, идоракунии давлатӣ
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, туркӣ, ӯзбекӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати сеюм то даъвати ҳафтум)
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: соли 2021 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Раиси шаҳри Турсунзода
Раиси ноҳияи Ховалинг Вилояти Хатлон
Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода
Муовини раиси шаҳри Турсунзода
Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – Турон - Инвест», шаҳри Турсунзода
Сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» - и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Сармутахассис – муҳосиби Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон - 90», шаҳри Душанбе
Мутахассиси дараҷаи аввали Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон - 90», шаҳри Душанбе