Дар асоси нақша чорабинӣ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади сазовор таҷлил намудани 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри Фарҳангӣ ноҳия маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ дар мавзӯи “Конститутсия-Бахтномаи Миллат” бо оштироки раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорони меҳнат баргузор гардид.
Дар рафти чорабини раиси ноҳия Ҳасанзода Шерали Ҳасан суханрони намуданд: мо бояд амиқан дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд. Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин намоем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем. Бархӯрди тамаддунҳо, омезиши фарҳангҳо ва вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони Қасри Фарҳанги ноҳия намоиши Фарҳангӣ пешниҳоди тамошобинон гардид.