ТЕМУРМАЛИК:Санаи 24 – уми Ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик роҳпаймоии ҳизбиёни ноҳия бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти роҳпаймоии мазкур Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан – Раиси ноҳияи Темурмалик, Раҷабзода Маҳмадсаид - Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва инчунин дигар раисони ташкилоту муассисаҳо собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
Таърих гувоҳ аст, ки рамзи милли сиёсӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат роҳо бахшидааст.
Парчами давлатӣ хусусан барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, мо ҷавонони тоҷик дар ҳамаи ҷанбаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешавем ва дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватанро бо иқдоми ватандӯстии худ амалӣ менамоем.
Ҷавонон, ки худ ояндаи миллат мебошанд, қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ин ба Парчами давлатӣ – чун рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллӣ арҷ гузорем.