Санаи 14 – уми ноябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сараввал раиси ноҳия муҳтарам Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан баромад карда, қайд кардаанд, ки гиромидошти ин санаҳои таърихиро барои тамоми мардуми ноҳия, махсусан ҷавонону наврасон шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки маҳз ба туфайли хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат ва баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз мо ба ин рӯзҳои босаодат расидем ва сулҳу дӯстӣ, якдилию якдигарфаҳмиро талқин ва тақвият додани хурду бузург масъулияти бузурги ватандории хурду калони ноҳия ба шумор рафта, дар ҳифзи арзишҳои давлатдории навин, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ҳар яки мо масъулияти шахсӣ дорем.
Дар охир барномаи бошукӯҳ ва рангини ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия, ки саршор аз муҳаббату самимият, садоқату эҳтиром ба миллату давлат буд, ба чорабинӣ ҳусни иловагӣ зам намуд.