Дар доираи амалӣ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” бо мақсади ноил шудан ба сифати баланди таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят, семинари омӯзишӣ оид ба расонидани ёрии методӣ доир ба мавзӯҳои нави барномаи таълимии фанни технологияи иттилоотӣ дар мавзӯи “Шиносоӣ ва кор бо забони барномасозии Python”аз ҷониби кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ноҳияи Темурмалик ташкил ва гузаронида шуда истодааст.