Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистону Россия - «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварда, дар ин радиф ба омӯзгор аз ноҳияи Темурмалик Партоев Ориф мошини сабукрав тӯҳфа намуданд.
Ориф Партоев омӯзгори забони русии МТМУ 24- и деҳаи Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик мебошад. Деҳаи мазкур аз маркази ноҳия 8 километр дур буда, роҳи ноҳамвор дорад.
Муаллим 18 сол буд, ки ин роҳи ноҳамворро пиёда тай карда, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Ӯ нисбат ба хонандагон ғамхору меҳрубон буда, маҳз меҳрубонӣ ӯро водор кард, ки аз назди 3 муассисаи дигар гузашта, ба он мактаб равад, зеро медонист, ки дар ин деҳа омӯзгор намерасад.
Чанде пеш муаллим Партоев Ориф аз ҷониби вазири маориф ва илм ва муовини Сарвазири кишвар бо нишони “Аълочии маориф ва илм” қадрдонӣ гардид.
Дар муаррифии шоистаи кори омӯзгор саҳми арзандаи рӯзноманигор ва блогери самти сайёҳӣ, бародари азизи мо - ШЕРАЛӢ ДАВЛАТОВ бориз аст,