Санаи 24 – юми соли ҷорӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, фаъолони Ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ва дигар кормандони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан баромад намуда, кулли сокинонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта қайд кардаанд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагон бо як шукуҳу шаҳомати баланд ва шавқу ҳавас дар васфи Парчами давлатии кишвар шеъру сурудхонӣ намуда баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз тарафи кормандони Қасри Фарҳанги ноҳия суруду таронахонӣ ва рақсу бозиҳо пешкаши ҳозирин гардид.