Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамкорӣ бо дигар муассисаву корхонаҳои давлатӣ дар самти тарҷума мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки минбаъд Марказ ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои дахлдор ба роҳ монда, ҷиҳати мутамарказ намудани низоми тарҷума дар кишвар аз ҳама имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд. Дар ҷамъбаст қарорҳои ниҳоӣ бароварда шуда, ҷиҳати амалӣ шудани онҳо шахсони масъул сафарбар гардиданд.